Шиносоии 35 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Тоҷикистон
Август 29, 2020 15:24 Asia/Dushanbe
Бо шиносоии 35 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар имрӯз ба 8 ҳазору 516 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта ҳеҷ мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.
Бар ин асос то соати 19 рӯзи шанбе 29 август 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 68 нафари қаблӣ эълон шудааст.
Аз 8 ҳазорк 516 бемори мубтало ба Ковид -19 лар тоҷикистон токунун 7 ҳазору 309 нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.
Барчасп