Октябр 09, 2016 12:11 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи Сурия

Мақомоти амниятӣ дар фурудгоҳи шаҳри Новосибирск дар шарқи Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасди сафар ба Туркия ва Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дошт, боздошт кардаанд.

Ба гузориши сойти "Life.ru", манобеи амниятӣ дар фурудгоҳи Толмачёвои шаҳри Новосибирски Русия эълом кардаанд, ки ин шаҳрванд 51 солаи Тоҷикистон қасд дошт, бо парвози Новосибирск - Маскав - Истамбул вориди Туркия шавад ва бо рафтан ба Сурия ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайвандад.

Ин манобе муддаӣ шудаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз аз тобистони имсол дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Новосибирск, тавассути телефони ҳамроҳи хеш бо мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ, тамос барқарор карда буд ва барои пайвастан ба ин созмони такфирӣ ибрози омодагӣ кардааст. Бар асоси ин гузориш, меабоист дар фурудгоҳи шаҳри Истамбули Туркия ин шаҳрванди Тоҷикистон, мавриди истиқболи фарди миёнҷӣ қарор мегирифт, ки вайро ба Сурия эъзом мекард. Натиҷаи таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Новосибирски Русия бекор буда ва қаблан собиқаи ҷиноӣ надоштааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 1 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 нафар аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ, кушта шудаанд.

 

Барчасп