Август 31, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тавлиди барқ дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираи оби Тоҷикистон эълом карданд: Тавлиди барқ дар ин кишвар дар ҳафт моҳи гузашта наздик ба 190 миллион киловат соат коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, дар ин муддат дар Тоҷикистон 12 миллиарду 50 миллион киловат соат барқ тавлид шудааст, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 190 миллион киловат соат камтар аст.

Ҳарчанд, ки ҳукумати Тоҷикистон имсол барои тавлиди 21 миллиард киловат соат барқ барномарезӣ карда буд вале ба назар мерасад, ки дастёбӣ ба ин ҳадаф ба далели коҳиши оби вурудӣ ба садди неругоҳҳои барқи обии ин кишвар ғайримумкин хоҳад буд.

Аз ин рӯ ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар аввалҳои моҳи август бо вуҷуди тааҳҳудоти қаблиаш барои интиқоли 3 миллиард киловат соат барқ ба Афғонистон ва Узбакистон, содироти барқ ба ин ду кишварро мутаваққиф кард.

Чанде қабл Мирзо Исмоилзода, мудири ширкати давлатии Барқи Тоҷик гуфт: Дар шаш моҳи нахусти имсол ба Афғонистон 546 миллиону 600 ҳазор киловат соат ва ба Узбакистон 358 миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ содир шудааст, ки даромади ин содирот дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 сездаҳу ним миллион доллар коҳиш нишон медиҳад.

 

Барчасп