Омодагии низомиёни Тоҷикистон барои режаи солгарди Истиқлол
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56998
Низомиёни Тоҷикистон худро барои баргузории режаи вижаи бисту панҷумин солгарди таъсиси горди миллии ин кишвар омода мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 31, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Омодагии низомиёни Тоҷикистон барои режаи солгарди Истиқлол

Низомиёни Тоҷикистон худро барои баргузории режаи вижаи бисту панҷумин солгарди таъсиси горди миллии ин кишвар омода мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ҳудуди 6 ҳазор сарбоз ва афсар барои ин режа фарохон шудаанд.

Қарор аст ин режаи низомӣ рӯзи 4 сентябр таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон, фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шавад.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар режаи имсол истифода накардан аз таҷҳизот ва адавоти низомӣ аст.

Горди миллии Тоҷикистон дар сентябри 1995 ташкил шуд, муддате Горди раёсатҷумҳурӣ ном гирифт ва сипас дар январи 2004 ба Горди миллии тағйири ном дод.

Горди миллии Тоҷикистон ташкилоти низомии мустақили муташаккил аз неруҳои вижа аст, ки мустақиман тобеъи раиси ҷумҳурӣ ва фармондеҳи олии неруҳои мусаллаҳи ин кишвар аст.