Август 31, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон танҳо кишвари эмин аз паёмадҳои иқтисодии корона дар АвруОсиё

Бинобар эъломи Маркази таҳқиқоти ҳамгароии Бонки Рушди АвруОсиё, дар чаҳор моҳи нахусти имсол аз байни кишварҳои узви ин ниҳоди молии иқтисодӣ Тоҷикистон камтарин таъсирро аз шароити корона пазируфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси гузориши ҷадиди Маркази таҳқиқоти ҳамгароии Бонки Рушди АвруОсиё, дар чаҳор моҳи нахусти имсол дар тамоми кишварҳои узви ин муассисаи молии байналмилалӣ ҷуз Тоҷикистон уфти иқтисодӣ сабт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, тавлиди нохолиси дохилии Русия дар ин муддат 1. 9 дарсад , Қазоқистон 0. 2 дарсад, Белорус 1. 3 дарсад, Қирғизистон 3. 8 дарсад ва Арманистон 1. 7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Коршиносони Бонки Рушди АвруОсиё таъкид мекунанд, ки дар авохири моҳи май дар бештари кишварҳои узви Бонки Рушди АвруОсиё фаъолиятҳои иқтисодӣ дар муқоиса бо моҳи апрел афзоиш ёфт, аммо боз ҳам зери сатҳи шохиси пеш аз иҷрои маҳдудиятҳои қарантина боқӣ монд.

Тибқи додаҳои расмӣ, тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол 32. 4 миллиард сомониро ташкил дода ва рушди воқеии он 3. 5 дарсад будааст.

Гуфтанӣ аст, ки рушди тавлиди нохолиси дохилӣ дар ин давра аз тариқи афзоиши тавлиди маҳсулоти санъатӣ (9. 2 дарсад) ва кишоварзӣ (8. 2 дарсад) фароҳам шудааст.

Кишварҳои Арманистон, Белорус , Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви Бонки Рушди АвруОсиё ҳастанд.

 

Барчасп