Август 31, 2020 21:00 Asia/Dushanbe
  • Вазири қасди худкушикарда барканор шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармоне вазири ҳамлунақлро барканор ва муовини нахуствазирро ҷонишини вай кард.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Худоёр Худоёрзода, вазири ҳамлунақл ба далели бознишастагӣ аз симат барканор ва Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ҷонишини вай шуд.

Барканории Худоёрзода дар ҳоле анҷом шуд, ки вай рӯзи 11 август дар хонааш дар шаҳри Душанбе даст ба худкушӣ зада буд ва бо кумаки бамавқеи пизишкон ва интиқол ба бемористон наҷот ёфт.

Далели даст ба чунин иқдом задани вай масоили хонаводагӣ унвон шудааст.

Азим Иброҳим - ҷонишини Худоёрзода, ки аз соли 2013 дар симати муовини нахуствазир фаъолият мекард, ҳамзамони сарпарасти ҳайати Ҳукумат дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон низ буд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо судури фармонҳои дигар, сафирони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, Чин ва Мисрро барканор ва афроди дигареро ҷонишини онон таъйин кард.