Сентябр 01, 2020 10:31 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 164 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон

Мақомоти Тоҷикистон аз бозгашти 164 шаҳрванди ин кишвар аз Қазоқистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин афрод, ки ба далели баста шудани марзи муштараки заминии Қазоқистон ва Узбакистон саргардон буданд дар паи ҳамоҳангии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти қаззоқӣ ва бо парвози вижаи ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр аз Қазоқистон ба Душанбе мунтақил шуданд.

Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр даҳуми август низ 182 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Қазоқистон ба кишварашон мунтақил кард.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан бо ҳамкории Созмони байналмиллалии муҳоҷират беш аз ҳазору 800 коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки бар асари густариши вируси корона дар Русия бекор шуда буданд аз тариқи масири заминӣ аз Қазоқистон ва Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Дар паи густариши корона, қатъи парвозҳо ва баста шудани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, шуморе аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ки дар марокизи тавлидӣ ва тиҷории ин кишвар шуғли худро аз даст дода буданд маҷбур шуданд аз роҳи заминӣ ба Қазоқистон, Узбакистон ва дар ниҳоят Тоҷикистон бирасанд.

Ба далели шуйюи вируси корона мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон аз 16 март марзҳои заминии худро, ки роҳи муҳими сафари шаҳрвандони тоҷик ба Русия маҳсуб мешавад, бастанд.

Барчасп