Сентябр 01, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Интихоби беҳтарин футболбоз ва мураббии моҳи август дар футболи Тоҷикистон

Беҳтарин футболбоз ва мураббии лиги футболи Тоҷикистон дар моҳи август интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, Далер Ёдгоров аз тими "Куктош" ба унвони беҳтарин футболбози моҳи августи лиги футболи Тоҷикистон баргузида шуд.

Ҳамчунин Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, мураббии тими Куктош низ унвони беҳтарин мураббии моҳро аз он худ кард.

Туҳфаҳои баргузидагони 11 сентябр қабл аз оғози бозии тимҳои "Локомотиви Помир" ва "Куктош" эҳдо мешавад.

Барчасп