Сентябр 01, 2020 18:26 Asia/Dushanbe
  • Дувумин табрики Эмомалӣ Раҳмон ба Лукашенко дар камтар аз як моҳ

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус дар тамоси телефонӣ бо якдигар ройзанӣ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ин тамоси телефонӣ ба ҳамтои  Беларуси  худ солрӯзи таваллудашро табрик гуфт .
Ду тараф сипас бархе аз масоили муҳими монанди вазъияти кунунӣ дар Беларус ва чашмандози равобити дӯстона ва мутақобилан судманди байни ду кишварро баррасӣ карданд .
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни ишора ба дастовардҳои чашмгири Беларус дар тавсеа ва сохти ҳокимият дар тӯли солҳои истиқлол , барои мардуми кишвари дӯсти Беларус  сулҳу суботи пойдор , рифоҳу пешрафти бештару пойдор орзу кард .
Эмомалӣ Раҳмон ва Лукашенко дар ин тамоси телефонӣ ҳамчунин бар аҳамияти тавсеаи бештари ҳамкории созандаи Тоҷикистону Беларус дар тамомии заминаҳои мавриди алоқаи ду тараф таъкид карданд ва афзуданд хостори тақвияту густариши ҳамаҷонибаи равобит ба нафъи мардуми ду кишвар ҳастанд .
Эмомплӣ Раҳмон  рӯзи 10 августи гузашта низ пирӯзии Лукашенко дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Беларусро ба ӯ табрик гуфта буд .
Алексанр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон танҳо раисони ҷумҳурии боқимонда дар қудрат , пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар соли 1991 ҳастанд .

Барчасп