Қатъи ҳамкории ду бонки аврупоӣ бо бонки “Эсхата” –и Тоҷикистон
(last modified Wed, 02 Sep 2020 16:17:35 GMT )
Сентябр 02, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Қатъи ҳамкории ду бонки аврупоӣ бо бонки “Эсхата” –и Тоҷикистон

Бонки “Эсхата”-и Тоҷикистон эълом кард, ки ба далели қатъи ҳамкории ду бонки аврупоӣ бо ин ниҳоди молӣ, муштариён аз хадамоти ин банкҳо истифода накунанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мудирияти банки “Эсхата” -и Тоҷикистон бо ирсоли паёмак ба муштариёни худ, аз онон хостааст, ки дигар имкони истифода аз хадамоти Райфайзен Банк Интернешнли Австрия ва ВТБ Банк Европа вуҷуд надорад, зеро ин ду бонки аврупоӣ ҳамкории худро бо бонкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон қатъ кардаанд.

Қаблан тоҷикҳои муқими Аврупо бо истифода аз хадамоти ин ду бонк даромади молии худро ба кишварашон ирсол мекарданд.

Бар ин асос, ба муштариёни бонкӣ тавсия шудааст, ки барои ирсоли пул аз хадамоти “Сбербанк”-и Русия, Бонки миллии Гурҷистон ва Бонки тиҷории Олмон истифода кунанд.

Далели қатъи ҳамкории ин ду бонки аврупоӣ бо бонкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мушаххас нест.

Бо ин ҳол, бархе коршиносони умури бонкӣ муътақиданд, ки эҳтимол дорад ин тасмим дар пайи таҳдидоте мабнӣ бар таҳрими ин ду бонки аврупоӣ гирифта шуда бошад.