Сентябр 02, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Ба феҳристи гирифторон ба корона дар Тоҷикистон 35 нафар изофа шуд

Бо шиносоии 35 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид – 19 дар Тоҷикистон, шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи дувуми сентябр ба ҳашт ҳазору 654 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар ин кишвар сабт нашудааст.

Бар ин асос то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи дувуми сентябри соли 2020 теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳамон 69 нафари қаблӣ аст.

Аз ҳашт ҳазору 654 бемори мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ҳафт ҳазору 447 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 84 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 34 бемор низ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

 

Барчасп