Сентябр 03, 2020 10:24 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии байни Тоҷикистон ва Эрон эҷод мешавад

Намояндагони парлумони Тоҷикистон аз ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони ин кишвар бо Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳимоят карданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, намояндагони парлумони Тоҷикистон дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи худ аз таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории  байни парлумони ин кишвар ва Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо аксарияти овозҳо ҳимоят карданд.

 Дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин пешниҳодҳо дар бораи эҷоди комиссияи байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Думаи Русия, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Влуси ҷиргаи Афғонистон, Маҷлиси миллии Арманистон, Анҷумани миллии Баҳрайн, Маҷлиси намояндагони Белгия, парлумони Шветсия, парлумони Шотландия  , Маҷлиси авоми Англия, Маҷлиси намояндагони Австралия, Шӯрои миллии парлумони Австрия ва Маҷлиси намояндагони Амрико мавриди ҳимояти комили Шӯрои намояндагони парлумони Тоҷикистон қарор гирифт.

 

Барчасп