Ҳузури 6 тим дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи бонувони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57101-Ҳузури_6_тим_дар_мусобиқоти_қаҳрамонии_футболи_бонувони_Тоҷикистон
6 тим дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи бонувони Тоҷикистон ҳузур доранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 03, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 6 тим дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи бонувони Тоҷикистон

6 тим дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи бонувони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Ба гузориши сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, 5 сентябр мусобиқоти футболи духтарони зери 17 соли Тоҷикистон оғоз мешавад.

Мактаби варзиши тахассусии футбол, мактаби саворкорӣ ва чавгони минтақаи Суғд, Навбҳор (Мастчоҳ), Зарнисор (Вахш), Хатлон, Фархор ва Равшан (Кӯлоб) аз темҳои ширкаткунанда дар Лигаи бонувон ҳастанд.

Ин мусобиқот давраӣ ва дар ду гурӯҳ баргузор мешавад ва 7 ноябр ба поён мерасад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми ҳазинаҳои баргузории мусобиқотро таъмин кардааст.

Ҳамчунин ба ҳамаи аъзои тимҳои ширкаткунанда дар ин мусобиқот либоси варзишӣ, кафш ва тӯпи футбол эҳдо шуд.