Ифтитоҳи муассисаи ғайри давлатии "Иртиботи байналмилалӣ" дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд
(last modified Thu, 03 Sep 2020 12:19:05 GMT )
Сентябр 03, 2020 17:19 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи муассисаи ғайри давлатии

Дар арафаи ҷашни мубораки 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Исфара нахустин муассисаи муосири таълимӣ - муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Иртиботи байналмилалӣ" (Академия Контакт Интернэшл) ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба навиштаи сомонаи Sugd.tj, муасссисаи таълимии мазкур дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва иқдоми созандаи соҳибкори муваффақи ватанӣ Нарзуллоҷон Ӯлмасов тариқи эҳсонкорӣ таъсис дода шудааст.

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода зимни суханронии хеш дар ҳузури устодону толибилмони ин боргоҳи маърифат бо баробари муборакбодии самимона, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.

Ба навиштаи манбаъ дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гардида, 13 ҳуҷраҳои муҷаҳҳази фаннӣ, ҳуҷраи компютерӣ, ки дорои 12 адад компютер, инчунин синфхонаҳо барои гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ва синфҳои ибтидоӣ, ки ҳар яке аз ҳуҷраҳои фаннӣ дорои лавҳаҳои электронӣ, тахтаи пластикӣ ва проэктор мебошанд, ташкил карда шудааст.

Таълимгоҳ ҳамчунон дорои китобхона, ошхона дорои 120 ҷойи нишаст, толори муосири варзишӣ, хобгоҳ барои 60 нафар толибилмон, устохонаи таълимӣ барои духтарону писарон дар алоҳидагӣ мебошад.

Шумораи нахустин хонандагони ин мактаби муосир 163 нафар буда, 34 нафари ононро духтарон ташкил медиҳанд.