Паради артиши Тоҷикистон дар биступанҷумин солгарди таъсиси Горди миллӣ
(last modified Fri, 04 Sep 2020 11:20:43 GMT )
Сентябр 04, 2020 16:20 Asia/Dushanbe
  • Паради артиши Тоҷикистон дар биступанҷумин солгарди таъсиси Горди миллӣ

Воҳидҳои артиши Тоҷикистон дар биступанҷумин солгарди таъсиси Горди миллии ин кишвар аз муқобили раиси ҷумҳурӣ ва фармондеҳони аршади низомӣ саф оростанд ва режа рафтанд.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, хидмат дар Горди миллӣ ифтихоре барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Раҳмон бо табрики биступанҷумин солгарди таъсиси Горди миллӣ ба низомиёни кишвараш афзуд, Горди миллии Тоҷикистон бо сохторе пешрафта ва нерӯҳое тавонманд вазифаи дифоъ аз истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишварро бар ӯҳда дорад.

Горди миллии Тоҷикистон соли 1995 ташкил шудааст.