Сентябр 04, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии “Корвони китоб – 2020” дар Тоҷикистон

Дар остонаи фаро расидани рӯзи Китоб ва бистунуҳумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон “Корвони китоб- 2020” роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши вебгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин корвон қарор аст ба шаҳрҳову навоҳии Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва Мастчоҳ, дар минтақаи Суғд сафар кунад.

Дар ин корвон ду ҳазору 270 нусха китоб бо мавзӯоти достонӣ, иттилооти умумӣ, фарҳанги луғат, пажӯҳишӣ ва адабиёти кӯдакон барои мутолеаи алоқамандон арза шудааст.

Ҳамчунин ду ҳазору 560 нусха дафтарчаи роҳнамои китобшиносӣ ҳам дар муассисоти мухталифи Суғд тавзеъ мешавад.

4 сентябр дар Тоҷикистон рӯзи Китоб номгузорӣ шудааст.

 

 

 

 

 

Барчасп