Афзоиши тавлиди мурғ ва тухми мурғ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57130-Афзоиши_тавлиди_мурғ_ва_тухми_мурғ_дар_Тоҷикистон
Тавлиди гӯшти мурғ ва тухми мурғ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 05, 2020 03:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди мурғ ва тухми мурғ дар Тоҷикистон

Тавлиди гӯшти мурғ ва тухми мурғ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аз оғози июл то кунун ҳудуди 60 миллион қитъа мурғ, бедона ва қақовул дар ин кишвар тавлид шудааст.

15 сол пеш дар Тоҷикистон ҳашт мурғдорӣ фаъолият мекард, ки ин теъдод ҳамакнун ба 185 мурғдорӣ расидааст.

Пеш аз ин Тоҷикистон тухми мурғро аз Эрон, Покистон, Ҳинд, Чин ва Узбакистон ворид мекард, ки бо афзоиши теъдоди мурғдориҳо ин воридот мутаваққиф шудааст.