Ҷаримаи ду шаҳрванди тоҷикистонӣ ба далели нақзи қавонини баргузории маросим
(last modified Sat, 05 Sep 2020 07:26:57 GMT )
Сентябр 05, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи ду шаҳрванди тоҷикистонӣ ба далели нақзи қавонини баргузории маросим

Ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели нақзи қавонини баргузории маросим ҷарима шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, ду нафар аз сокинони минтақаи Хатлон ба далели нақзи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» ҷарима шуданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз ин афрод сокини шаҳри Норак ба номи М.Сайтов аст, ки дар маросими арӯсии худ барои меҳмонон ду навъ ғизо тадорук дида буд.

Ин дар ҳоле аст, ки тибқи қонун дар ин маросим фақат бояд бо як навъи ғизо аз меҳмонон пазироӣ шавад.

М.Сайтов тибқи модаи 461-и Қонуни ҷароими идории Тоҷикистон машмули масъулияти идорӣ буд ва бо раъйи додгоҳи маҳаллӣ ҷарима шуд.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониён Ш.Гулов низ чунин ҷазо гирифт.

Ӯ низ бар асоси раъйи додгоҳи ноҳияи Кошонён мутобиқи мода 481-и қисми 1-и Қонуни ҷароими идории Тоҷикистон ҷарима шуд.