Сентябр 06, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
  • Бонки ҷадиди Тоҷикистон дар шароити сахти иқтисодӣ муваффақ хоҳад шуд ё на?

Иқтисоддони мустақили тоҷик муътақид аст, ки бонки ҷадиди "Саноъатсодиротбонк" танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки равишҳои мутафовит аз дигар бонкҳои ин кишварро иҷро кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Баҳриддин Каримов бо ишора ба таъсиси бонки ҷадиди мавсум ба "Саноъатсодиротбонк" ба манзури ҳимоят аз тавлидкунандагони дохилӣ ва содиркунандагони маҳсулот ба хориҷ аз ин кишвар гуфт: Ин ниҳод танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки иштибоҳоти дигар бонкҳои ин кишварро такрор накунад, ки акнун ҳамагӣ дар буҳрони шадид ба сар мебаранд ва аз тавони бозпардохти маблағҳои муштариёни хеш бархурдор нестанд.

Аз ин рӯ бояд бонки ҷадид заминаи дастрасии мусовии фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ба манобеъи молиро фароҳам созад, ки дар ин кишвар мушкили бисёр ҷиддӣ ба ҳисоб меояд.

Мавзӯъи муҳими дигар тавони молии бонки ҷадид дар вогузории эътибороти молӣ бо суди кам дар муқоиса бо дигар бонкҳо ба фаъолони бахши хусусӣ мебошад. Нуктаи баъдии тавоноии дарёфткунандагони қарз мебошад, ки битавонанд эътибороти дарёфтиро ба мавқеъ бозпардохт кунанд, ки аз дигар мушкили низоми бонкии Тоҷикистон дар шароити феълӣ аст.

Бо тасмими ҳукумати Тоҷикистон ахиран дар ин кишвар ба манзури ҳимоят аз фаъолияти бахши хусусии бонки ҷадиди "Саноъатсодиротбонк" бо сармояи аввалияи 5 миллион доллар таъсис шуд, ки қаблан ба унвони фонди ҳимоят аз бахши хусусӣ фаъолият мекард.

Барчасп