Сентябр 07, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Шикояти фаъолони бахши хусусии ноҳияи Панҷакент аз фишори хадамоти андози вилояти Суғд

Гурӯҳе аз фаъолони бахши хусусии ноҳияи Панҷакент аз афзоиши фишори гурӯҳи эъзомии Хадамоти андози вилояти Суғд шикоят кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон Таймз, ин афрод гуфтаанд, ки барои баргузории ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм ҳамвора кумаки молӣ мекунанд, аммо як гурӯҳи эъзомии Хадамоти андози вилояти Суғд ба шиддат ононро таҳти фишор қарор медиҳад.

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент медонанд, ки сохти таъсисоти мухталиф дар чорчуби барномаи таҷлил аз ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм аз ҳисоби кумаки молии бахши хусусии ин минтақа иҷро мешавад.

Дар шароити густариши вируси корона дар Тоҷикистон, ки ҳукумат дастури эътои тахфифи пардохти андозро эълом кардааст гурӯҳи эъзомии Хадамоти андози вилояти Суғд ба фаъолони бахши хусусии ноҳияи Панҷакент дастур дода, ки андози худро қабл аз мавъид пардохт кунанд.

Ин гурӯҳ соли қабл низ бо сафар ба ноҳияи Панҷакент фишори зиёде ба фаъолони бахши хусусии ин минтақа барои пардохти андоз ворид карда буд.

Фаъолони бахши хусусии ноҳияи Панҷакент таҳдид кардаанд, ки дар сурати идомаи худсариҳои гурӯҳи эъзомии Хадамоти андози вилояти Суғд, ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят хоҳанд кард.