Сентябр 07, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Чаро Рустами Эмомалӣ дар сафарҳо Раҳмонро ҳамроҳӣ мекунад?

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафашро аз ҳамроҳ кардани писарбузургаш Рустами Эмомалӣ, ки шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии ин кишвар аст, дар сафарҳои дохилӣ шарҳ дод.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз барои ифтитоҳи чанд тарҳи кишоварзӣ ва саноатӣ ба ноҳияи Турсунзода дар ғарби ин кишвар рафта буд, гуфт, ҳадаф аз ҳамроҳии Рустами Эмомалӣ бо ӯ дар ин сафар, ошноии шаҳрдори Душанбе бо имконоти ин минтақа барои таъмини ниёзи пойтахти Тоҷикистон ба меваву сабзиҷот ва маҳсулоти тозаи кишоварзӣ аст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, ин сафар фурсати бисёр муҳиме аст, ки шаҳрдори Душанбе бо ширкатҳои кишоварзии ноҳияи Турсунзода дар мавриди таъмини ниёзи сокинони пойтахт ба меваву сабзиҷоти тоза қарордодҳои дуҷониба имзо кунад.

Дар сафари имрӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон ва писараш ба ноҳияи Турсунзода, корхонаи фароварии маҳсулоти кишоварзӣ ва меваи хушк, маркази дармони “Нури шифо” ва зеристгоҳи ҷадиди таъмини барқ иқтитоҳ шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози бардошти биринҷ аз шолизорҳои ин минтақа ширкат кард.

 

 

 

 

 

Барчасп