Раҳмон солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт
(last modified Tue, 08 Sep 2020 05:43:07 GMT )
Сентябр 08, 2020 10:43 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи 9 сентябр бо табрики солрӯзи истиқлоли ин кишвар, барқарории сулҳу оштии миллӣ ва оғози даврони созандагиро марҳилаи муҳимме барои рушд ва пешрафти Тоҷикистон тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тотҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо баршумурдани шароити истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 оғози ҷанги таҳмилии дохилиро бузургтарин фоҷиаи миллӣ дар таърихи ҷадиди ин кишвар донист.

Раҳмон афзуд: Барқарории сулҳу оштии миллӣ ва оғози даврони созандагӣ дар 29 соли гузашта заминаи дастёбӣ ба муваффақиятҳо дар иҷрои барномаҳои фақрзудоӣ, бозсозии роҳҳои дохилӣ, хурӯҷ аз бунбасти иртиботӣ, афзоиши зарфияти тавлиди барқ ва изофа шудани зарфиятҳои омӯзиширо фароҳам кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сохти ҳазору 600 корхонаи ҷадиди саноатӣ, 220 километр роҳи оҳан, афзоиши 2 ҳазору 200 мегаватии тавлиди барқ, баҳрабардорӣ аз ду турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун ба унвони муҳимтарин дастовардҳои кишвараш дар даврони истиқлол ёд кард.

Раҳмон таъкид кардааст, ки мизони фақр дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар соли 1999 ба 26 ва се даҳуми дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз замони истиқлол то кунун теъдоди донишгоҳҳои ин кишвар аз 13 марказ ба 40 марказ афзоиш ёфта ва теъдоди донишҷӯён низ ба 227 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин муддат ҳамчунин шумори донишомӯзон аз як миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 ба 2 миллиону 34 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.