Роҳи арзон кардани орд дар Тоҷикистон аз нигоҳи коршиноси рус
Коршиноси рус мӯътақид аст, ки танҳо роҳи арзон кардани орд дар Тоҷикистон афзоиши тавлиди гандум дар дохили ин кишвар аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Леонид Холод муовини пешини вазири кишоварзӣ ва коршиноси умури иқтисодии Русия бо ишора ба афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон гуфт : мардуми Тоҷикистон дар муқоиса бо бархе аз кишварҳои минтақа орди зиёд масраф мекунанд ва мизони тавлиди гандум дар дохили ин кишвар наметавонад посухгӯии ниёзи физоянда ба ин маҳсули муҳими ғизоӣ бошад .
Ба гуфтаи ин коршинос , дар ҳоле ки мизони маошу дастмуздҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои минтақа камтар ва масрафи маҳсулоти дигар, аз ҷумла макарон ва биринҷ бештар аст , бардошти 773 ҳазор тонна гандум аз заминҳои кишоварзӣ ва воридоти беш аз 531 ҳазор тонна гандум ба арзиши 130 миллион доллар аз Қазоқистон дар шаш моҳи имсол натавонист аз афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад .
Аз нигоҳи Холод , Тоҷикистон солона ба беш аз ду миллион тонна орду гандум ниёз дорад ва афзоиши сатҳи заминҳои зери кишти гандум дар ин кишвар танҳо роҳи коҳиши қимати орд аст .
Ҳамакнун қимати ҳар кисаи орди 50 килоии тавлиди дохил дар бозорҳои Тоҷикистони 245 сомонӣ ( муодили 23 доллар ) ва орди Қазоқистон 250 сомонӣ ( муодили 25 доллар ) аст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл 170 сомонӣ буд .
Ин дар ҳоле аст ки орд муҳимтарин маҳсул дар сабади ғизоии мардуми Тоҷикистон аст ва бар асоси бароварди коршиносони як хонаводаи шаш нафарӣ дар моҳе ниёз ба масрафи як кисаи орди 50 килоӣ дорад .
Аз сӯи дигар миёнгини маошу дастмузд дар Тоҷикистони ҳазору 447 сомонӣ ( муодили 140 доллар ) ва мизони ҳаддиақали маошу дастмузди моҳона 400 сомонӣ эълом шудааст .