Ду дидгоҳ дар бораи истиқлоли воқеии Тоҷикистон
(last modified Wed, 09 Sep 2020 15:42:13 GMT )
Сентябр 09, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Ду дидгоҳ дар бораи истиқлоли воқеии Тоҷикистон

Дар бистунуҳумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни коршиносон ду дидгоҳи асосӣ дар бораи ин мавзӯ вуҷуд дорад.

Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, Сайфулоҳ Сафаров, муовини собиқи Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки дар кишвар тамоми аркони истиқлоли воқеӣ мушоҳида мешавад.

Сафаров бар ин бовар аст, ки Русия дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон кумаки зиёде ба ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ва истиқлоли кишвар кард ва ҳамоҳанг кардани мавзеи ду кишвар дар баробари масоили муҳими ҷаҳонӣ ва минтақаӣ амри пазируфташуда мебошад.

Аммо Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси мустақил мегӯяд, ки бо вуҷуди доштани истиқлол, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам қодир ба ҳалли бисёре аз масоил нест ва дар баробари мушкилоти минтақа маҷбур аст, ки аз сиёсати кишварҳои қудратманде назири Русия пайравӣ кунад.

Комилзода яке аз нишонаҳои муҳими истиқлолро арзаи маҳсулоти саноатии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ медонад ва муътақид аст, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ нишоне аз истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон дида намешавад.

Бо ин ҳол Сайфуллоҳ Сафаров расидан ба худкифоӣ дар таъмини барқ ва тармиму бозсозии роҳҳои муҳими иртиботии Тоҷикистонро аз дигар аломатҳои истиқлоли кишвар медонад.

Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 бо тасвиби эъломияи истиқлоли хеш, ба кишвари мустақил аз Шӯравии вақт табдил шуд.