Сентябр 10, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Интишори дубораи китоби “Тоҷикон”-Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон

Нашриёти “Муосир" дар Душанбе чопи дубораи китоби "Тоҷикон"-и марҳум Бобоҷон Ғафуровро бо кумаки молии сандуқи захираи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки то ҷашни сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар дар соли 2021 бояд китоби "Тоҷикон"-и марҳум Бобоҷон Ғафуров мунташир шавад ва ба таври ройгон дар ихтиёри ҳама хонаводаҳои ин кишвар қарор гирад.

 Ба гуфтаи масъулони нашриёти “Муосир" тақсими ройгони ин китоб ба хонаводаҳои  тоҷикистонӣ аз нимаи дувуми моҳи сентябри ҷорӣ оғоз мегардад.

 Бобоҷон Ғафуров-таърихдон ва ховаршиноси номии тоҷик аст, ки дар дарвони Шӯравӣ 10 сол раҳбарии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муддати 20 сол мудирияти пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Шӯравиро бар ӯҳда дошт.

 Китоби Тоҷикон дар соли 1972 бори нахуст ба забони русӣ дар Маскав мунташир гардид ва баъдҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон низ ба хатти форсӣ борҳо бозчоп шудааст.

 Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон ин китоб барои худшиносии насли ҷавони кишвараш бисёр муҳим аст; ба ҳамин далел бояд дубора интишор ёбад ва ба таври ройгон дар ихтиёри ҳамаи хонаводаҳои ин кишвар қарор гирад.

 

Барчасп