Рақобати интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон миёни шаш ҳизб
(last modified Thu, 10 Sep 2020 07:37:17 GMT )
Сентябр 10, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
  • Рақобати интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон миёни шаш ҳизб

Бо мушаххас шудани номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, раҳбарони шаш ҳизби фаъол, барои касби мақоми раёсатҷумҳурии ин кишвари Осиёи Марказӣ дар рӯзи 11-уми моҳи оянда талош хоҳанд кард.

Номзадҳои муаррифишуда барои ширкат дар ҳафтумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳам акнун таблиғоти худро барои ҷалби овозҳои мардум оғоз кардаанд. Аз миёни шаш ҳизби ниҳоӣ барои рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ин, Ҳизби сотсиал - демократ эълом кардааст: Номзади мустақил муаррифӣ нахоҳад кард ва дар иқдоме аҷиб аз ҳомиёни худ хост ҳафтумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро таҳрим кунанд.

Қуваталӣ Муродов, яке дигар аз муддаиёни номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки яксол пеш аз номзадии худ дар ҳафтумин давраи интихобот хабар дода буд, шароити баргузории рақобатҳои интихоботиро дар ин кишвар зери савол бурдааст.

Ин сиёсатмадори тоҷик дар остонаи муаррифии номзадҳои аҳзоби фаъол, эълом кард: Ҳадафаш аз номзадӣ дар интихобот ин буд, ки қасд дошт фазои тарсро аз ҷомеа дур кунад, аммо ба ин натиҷа расидааст, ки таҳти фишорҳои зиёд, худ мағлуби тарсу ваҳшат шудааст, зеро ба вай гуфтаанд, ки бояд ҳатман таҳти озмоишҳои рӯҳӣ ва равонӣ қарор гирад.

Ба рағми ақибнишинии бархе аҳзоби фаъол, бархе дигар аз ҳизбҳои Тоҷикистон аз ҷумла Ҳизби ҳокими ин кишвар, бо ангезаи музоафе вориди арсаи интихобот шудаанд. Ҳизби ҳокими "халқи демократики Тоҷикистон" бо муаррифии "Эмомалӣ Раҳмон", раиси ҷумҳури феълӣ ба унвони танҳо намояндаи ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, талош мекунад то бори дигар зимоми умури кишварро дар инҳсори худ дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то кунун сукони ҳидояти Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Вай, ки дар чаҳор давраи пешини интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999, 1992 , 2006 ва 2013 ба тартиб 59.5, 97.6, 79.3 ва 83.92 дарсади овозҳоро азони худ карда буд, қасд дорад барои панҷумин давраи мутаволии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар рӯзи ёздаҳум (11) моҳи октябр, аз орои пешини худ дифоъ кунад.

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрдори шаҳри Душанбе, пойтахт аст, бо ҳифзи симат, раёсати маҷлиси сенати ин кишварро низ ба уҳда дорад.

Бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон, дар шароите, ки раиси ҷумҳур натавонад вазифаҳои қонуниашро анҷом диҳад, ин раиси сенати кишвар аст, ки ба таври муваққат ва то баргузории интихобот ҷонишини раиси ҷумҳур мешавад то ҳам дар раванди ҳокимияти кишвар халале эҷод нашавад ва ҳам раванди тавсеаи Тоҷикистон дучори вақфа нагардад.

Дар ин шароит, аксари қариб ба иттифоқи коршиносони тоҷик, раиси ҷумҳури феълиро ба унвони аслитарин муддаӣ барои интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон қаламдод мекунанд. Бо вуҷуди ин, бархе аз коршиносони сиёсии тоҷик низ ин воқеиятро рад намекунанд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ё баъд аз он, кишвар мумкин аст бо сенарияҳои мухталиф тавсеаи сиёсиро таҷриба кунад.

Дар ин иртибот, Абдулмалик Қодиров- коршиноси сиёсии машҳури Тоҷикистон мӯътақид аст: Интихоботи раёсатҷумҳурӣ бидуни рақобати сиёсӣ баргузор мешавад, бино бар ин набояд интизори тағйироти чандоне дошт.

Ба рағми ин ки коршиносон нисбат ба эҳтимоли баргузории интихоботи озод ва комилан шаффоф дар Тоҷикистон тардид доранд , корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мӯътақиданд, бо ҳадди ақал шаффофият дар баргузории интихобот мумкин аст сиёсатмадорони гумном ва ҷадиде дар арсаи сиёсии ин кишвар зоҳир шаванд. Бо вуҷуди тамомии ин гумоназаниҳо, тардиде нест, ки дар миёни номзадҳои муаррифишуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон шанси пирӯзӣ ба унвони ҳафтумин раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дорад.