Сентябр 11, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Чин дар Маскав

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи нишасти Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай дар Маскав дидор карданд.

Дар ҳошияи нишасти Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай, ки дар Маскав баргузор шуд, Сироҷиддини Муҳриддин ва Ванг Йи, вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Чин бо ҳам дидор карданд.

Тайи ин дидор ду тараф аз сатҳи болои эътимод миёни Тоҷикистон ва Чин ибрози ризоият карданд.

Муҳриддин ва Вонг Йи ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар заминаҳои энержӣ, саноеъ, ҳамлунақл ва кишоварзӣ табодули назар карданд.

Мақомоти аршади Тоҷикистон ва Чин дар мавриди тақвияти бештари ҳамкориҳо, ба манзури рафъи паёмадҳои манфии иқтисодиву иҷтимоии ҳамагири корона тавофуқ карданд.

 

Барчасп