Сентябр 11, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Авлавияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар муносиботи аъзои СҲШ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба унвони раиси ояндаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай гуфт, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар авлавияти муносибот байни кишварҳои ин созмон қарор хоҳад гирифт.

Сироҷиддини Муҳруддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни дидори онлайни руасои ниҳодҳои дипломатии кишварҳои узви Шангхай бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ширкат ва суханронӣ кард.

Вай зимни суханоне дар ин мулоқот хотирнишон кард, бо вуҷуди ҳамагирии корона, таҳти раёсати Русия дар Созмони ҳамкории Шангхай дар соли ҷории мелодӣ ҳамкории муассире дар чорчӯби ин созмон барқарор шуда, ки имкони дастёбӣ ба натоиҷи амалӣ дар заминаи иҷрои вазоифи таъйиншуда аз сӯи сарони кишварҳои узви Шангхай дар соли 2019 мелодӣ дар Бишкекро фароҳам кард.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар бахши дигаре эълом кард, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар соли 2021 мелодӣ мусодиф бо бистумин солрӯзи таъсиси Шангхай ва бистунуҳумин солрӯзи истиқлоли ин кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, тақвияти мавқеияти байналмилалии Шангхай ва ҳамчунин беҳбуди пояи қонунӣ ва ҳуқуқии он ба унвони вазоифи авлавиятдор таъйин шуд.

Вай хотирнишон кард, ки чашмандоз, аҳдоф ва вазоифи раёсати Тоҷикистон тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дар нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай матраҳ хоҳад шуд.

 

 

 

Барчасп