Сентябр 12, 2020 09:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз музокироти сулҳи Афғонистон

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар дидор бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бар ҳимояти Душанбе аз музокироти сулҳи гурӯҳҳои афғонӣ таъкид кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Анатоли, Саидмуъмин Ятимов-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Кобул гуфт: Тоҷикстон, амнияти Афғонистонро амнияти худ медонад ва мӯътақид аст муваффақияти раванди сулҳ дар ин кишвар зомини амнияту сулҳ дар минтақа аст.

 Дар ин дидор Абдуллоҳ низ бо ибзори умедворӣ нисбат ба музокироти пеширӯйи давлати Афғонистон ва Толибон гуфт: Талош мекунем ин музокирот ба поёни ҷанги чиҳилсола ва оштии миллӣ дар Афғонистон мунҷар шавад.

 Музокироти байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар қарор аст имрӯз дар Қатар оғоз шавад.

 Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳамроҳи Муҳаммадҳаниф Атмар- сарпарасти вазорати умури хориҷа ва аъзои гурӯҳи 21 нафара ба унвони намояндаи давлати Афғонистон дар ин музокирот ҳузур хоҳанд дошт.

 Ҳайате аз Толибон ҳам ба ҳамин манзур ба Давҳаи Қатар сафар кардааст.

 

Барчасп