Шиносоии 38 бемори нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Сентябр 12, 2020 06:50 Asia/Dushanbe
Шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди ибтило ба ин беморӣ ба 8 ҳазору 977 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори афроди фавтида бар асари корона низ то соати 10 субҳи рӯзи шанбе ҳамон 72 нафари пешин аст.
Аз 8 ҳазору 977 бемори мубтало ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон то кунун 7 ҳазору 747 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 107 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 33 бемор низ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.
Барчасп