Таъкиди Комиссияи интихоботи Тоҷикистон бар мамнуъияти ҳузури номзадҳои мустақил дар интихоботи раёсатҷумҳурии
(last modified Sat, 12 Sep 2020 08:41:40 GMT )
Сентябр 12, 2020 13:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Комиссияи интихоботи Тоҷикистон бар мамнуъияти ҳузури номзадҳои мустақил дар интихоботи раёсатҷумҳурии

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард, ки бар асоси қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пешниҳоди номзадҳои мустақил ва ғайриҳизбӣ мамнуъ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин комиссия таъкид кардааст, ки танҳо аъзои 7 ҳизби сиёсии фаъол, иттиҳодияҳои синфӣ, Созмони ҷавонон ва шуроҳои вилоятии Тоҷикистон метавонанд номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро пешниҳод кунанд.

Дар баёнияи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом шудааст, ки 68 ҳавзаи интихобия дар дохил ва 39 маркази овозгирӣ дар хориҷ аз ин кишвар барои ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи 11 октябри имсоли таъсис хоҳад шуд.

Комиссияҳои ҳавзаӣ шомили 7 нафар аз ҷумла раис, муовин, дабир ва 4 узв хоҳад буд, ки 45 рӯз қабл аз таърихи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ мешаванд.

Феҳристи ҳавзаҳо ва шумори овоздиҳандагон дар саросари Тоҷикистон 50 рӯз қабл аз таърихи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз сӯи Комиссияи марказии интихобот дар сомонаи расмии ин ниҳод ва рӯзномаҳои давлатӣ мунташир хоҳад шуд.

Сабтиноми номзадҳо низ 25 рӯз қабл аз рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ анҷом мешавад.  

То кунун раисони 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба унвони номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳамагии онон ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Маҷлиси қонунгузории ин кишвар ҳастанд.

Ҳизби сотсиалдемократи Тоҷикистон ҳам ин интихоботро таҳрим кардааст.