Сентябр 12, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории 17-умин нишасти вазирони фарҳанги узви Шанхай

17-умин нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба сурати онлайн баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , дар ин нишаст таҳкими равобити байналмилалӣ дар заминаи фарҳанг , баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва рушд дар ин замина  мавриди баҳсу баррасии тарафҳо қарор гирифт .
Зулфия Давлатзода  вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин нишасти онлайн гуфт : «ҳамкории фарҳангии байни кишварҳои узви Шанхай ба як суннати хуб табдил шуда ва ба шаклгирии як фазои  фарҳангии муштарак дар минтақа кӯмак мекунад , зеро фарҳанг дар тақвияти дӯстии байни давлатҳо нақши босазое дорад.»
17-мин нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо меҳварияти ҳимоят аз ниҳодҳои фарҳангӣ дар даврони густариши вируси корона , таҳкими равобити байналмилалӣ дар заминаи фарҳанг ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуд .
Ширкаткунандагон дар ин нишаст ба тавсеаи проектҳои онлайни муштарак дар заминаи кино , театр , китобхона ва умури музеҳо , ҳифзи танаввуи фарҳангҳо ва итилоърасонӣ дар мавриди фарҳанг , одобу русуми мардуми кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ибрози алоқа карданд .
Дар ин нишаст  намояндаи дабирхонаи Созмони Ҳамкории Шанхай , вазирони фарҳанги ҳинд , Қазоқистон , Қирғизистон , Покистон , Ӯзбакистон , Чину Тоҷикистон ширкат карданд .
Вазирони фарҳанги узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба муносибати бистумини солгарди таъсиси ин созмон , соли 2021-ро « соли фарҳанги Созмони Ҳамкории Шанхай » номгузорӣ карданд .

Барчасп