Сентябр 13, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 22 корманди мутахаллиф ширкатҳои мухобирот ва барқ дар Душанбе

Ду корманди Хадамоти алоқа ва 20 маъмури ширкати барқи шаҳри Душанбе, ки бо дарёфти ришва аз мардум ҳисобкунакҳои нирӯи барқи ононро дасткорӣ мекарданд, боздошт шуданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Муҳаммад Азизов ва Тоҷиддин Собиров аз кормандони ширкати Хадамоти алоқа бо насби барномаҳои ҳакерӣ дар роёнаҳои шахсии худ, қабзи барқи масрафии муштариёнро коҳиш медоданд ва бобати ин кор аз онон пул дарёфт мекарданд.

Ин ду нафар ба манзури густариши фаъолияти худ, 20 маъмури идораи барқи шаҳри Душанберо низ ҷазб карда буданд то бо  муштариён барои кам нишон додани барқи масрафии ҳисобкунакҳои онон созиши пинҳонӣ кунанд.

Бар асоси гузориши пулиси шаҳри Душанбе, ин афрод дар солҳои 2017 то 2020 беш аз 130 дастгоҳ шуморишгари барқро дар ин шаҳр дасткорӣ кардаанд.

 

 

 

 

Барчасп