Сабти номи номзадҳо ба интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Ховар , дар нишасти рӯзи якшанбеи 13 сентябри соли ҷорӣ ин комиссия дар шаҳри Душанбе номзадҳои пешниҳодии 5 ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол сабти ном шуданд .
Бар асоси банди 24 қонуни интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз баррасии асноди номзадҳои пешниҳодӣ барои ширкат дар интихоботи рӯзи 11 октябри раёсати ҷумҳурии ин кишвар , 5 нафар сабти ном шуданд .
Эмомалӣ Раҳмон номзади ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустами Латифзода номзади ҳизби кишоварзӣ ,Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустами Раҳматзода номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон афроде ҳастанд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рўзи 11 октябри имсолро ба даст овараданд .
Аммо номи Сайидҷаъфар Усмонзода раиси ҳизби демократии Тоҷикистон дар миёни номзадҳои сабти ном шуда мушоҳида намешавад ва далели сабти ном нашудани вай низ эълом нашудааст .
Чаҳор нафар аз ин афрод, ки руасои ҳизбҳои Кишоварзӣ , Сотсиалист , Ислоҳоти иқтисодӣ ва коммунистӣ низ ҳастанд , намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон мебошанд .