Мураххасии афроди солманди идороти давлатии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона
Як қатор вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон кормандони солманди худро барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона ба рухсатӣ фиристодаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Топ Ти Ҷи , мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки афроди солманд бештар дар маърази хатари мубтало шудан ба Ковид - 19 қарор доранду дар Тоҷикистон ба далели маҳдуд будани дастрасӣ ба интернет имкони даври кории онон низ вуҷуд надорад .
Мақомоти Вазорати кишоварзӣ ва ожонси давлатии танзими ҷашну маросими Тоҷикистон рафтани кормандони солманди хеш ба мураххасиро таъйид карданду гуфтаанд, ки ин барнома ба далели ҳифзи саломатии ин афроди дар баробари густариши вируси корона иҷроӣ шудааст .
Албата афроде, ки синни онон болои 60 сол мебошад, умдатан бознишаста ҳастанду ба иллати камбуди корманд бар асоси қарордод дар идороти давлатии Тоҷикистон фаъолият мекунанд .
Коршиноси умури фанновариҳои навини дар Тоҷикстон Азиз Калонзода мӯътақид аст, ки дар ин кишвар ба далели поин будани суръати интернет , гаронии қиммати хадамот , рушд наёфтани хадамоти интерентӣ, имкони дуркории кормандони дар даврони густариши Ковид -19 вуҷуд надорад . Аз ин рӯ ин шароит бояд барои ҳукумати Тоҷикистон дарси ибрат гардад, ки мавонеи рушди интернетро аз миён бардораду заминаи пешрафти фановариҳои навинро фароҳам созад .