Шиносоии 35 бемори нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Сентябр 14, 2020 05:34 Asia/Dushanbe
Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 35 бемори нави ба 9 ҳазору 49 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори афроди фавтида бар асари корона низ то соати 10 субҳи рӯзи душанбе 14 сентябр ҳамон 72 нафари пешин аст.
Аз 9 ҳазору 49 бемори мубтало ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон то кунун 7 ҳазору 816 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи ахир 110 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 34 бемор низ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.
Барчасп