Ҷаримаи садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири ниқоби тиббӣ назадан
(last modified Mon, 14 Sep 2020 06:14:47 GMT )
Сентябр 14, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири ниқоби тиббӣ назадан

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҷаримаи 2 ҳазору 600 нафар аз шаҳрвандон барои надоштани ниқобак дар маконҳои умумӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, аз моҳи июл то ба ҳол, ки қонуни ҷаримаи афрод барои надоштани ниқобак дар маконҳои умумӣ дар Тоҷикистон тасвиб шуд, 2 ҳазору 600 нафар ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Бар асоси ислоҳияи воридшуда ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон мизони ҷаримаи афроди бидуни ниқобак дар васоили ҳамлу нақли умумӣ, бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо ва идороти давлатӣ аз 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.

Ҳамчунин қонуни ёдшуда барои омилони интишори КОВИД-19 аз ду то панҷ сол зиндон ва дар сурати такрори ин тахаллуф аз панҷ то 10 сол зиндонро дар назар дорад.

Бо ин ҳол бархе аз пизишкони тоҷик мӯътақиданд, ки шаҳрвандон ҳанӯз ҳам хатароти олуда шудан ба вируси коронаро ҷиддӣ намегиранд.

Ҷумъахон Рӯзиев, яке аз ин пизишкон мегӯяд, ки шаҳрвандон бояд ҳар рӯз ду то се бор ниқобакҳои худро таъвиз кунанд, аммо онон як ниқобакҳоро то се рӯз истифода мекунанд ва теъдоде ҳам танҳо дар сурати вуруд ба маконҳои умумӣ ва идораҳо ниқобак мезананд, ки ин рафторҳо хатари мубтало шудан ба КОВИД-19-ро афзоиш медиҳад.

Аз дидгоҳи вай ин афрод аз тарси ҷарима шудан дар васоили ҳамлу нақли умумӣ, бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо ва идороти давлатӣ ниқобакҳои худро аз ҷайб берун меоваранд ва таҳдидоти густариши вируси коронаро нодида мегиранд.