Шиносоии 39 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57457-Шиносоии_39_бемори_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Шумораи мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 88 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 14, 2020 15:19 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 39 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон

Шумораи мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 88 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , бо ин ҳол  шумори афроди фавтшуда бар асари корона то соати 19 рӯзи душанбеи 14 сентябр  ҳамон 72 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 88 бемори мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун ҳафт  ҳазору 853 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахири 112 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон  бистарӣ ва 37 бемор низ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати табибон дармон мешаванд .