Сентябр 15, 2020 09:08 Asia/Dushanbe
  • Таъйини нозирони маҷмаъи парлумонии кишварҳои Ҳамсуд барои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Таркиби нозирони маҷмаъи парлумонии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд барои назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсоли Тоҷикистон мушаххас мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи дабирхонаи маҷмаъи парлумонии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд, даъватномаи расмии Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба ин ниҳоди парлумонии расидааст ва таркиби гурӯҳи эъзомӣ барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри Тоҷикистон мушаххас мешавад.

Маҷмаъи парлумонии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд бар тамомии интихоботи қаблии парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва натоиҷи ин рақобатҳоро озод, демократик ва шаффоф арзёбӣ кардааст.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ахиран номзадҳои пешниҳодии 5 ҳизби сиёсии ин кишварро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯзи 11 октябри имсол сабтином кард.

Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода- номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров- номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода- номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоҳев- номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон афроде ҳастанд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсолро ба даст оварданд.

Аммо номи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар миёни номзадҳои сабтиномшуда мушоҳида намешавад ва далели сабтином нашудани вай низ эълом нашудааст.

Барчасп