Сабти як фавти дигар бар асари Ковид - 19 дар Тоҷикистон
Як мавриди ҷадиди фавт бар асари гирифтор шудан ба вируси корона дар Тоҷикистон сабт шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , шумори мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 бемори ҷадид ба 9 ҳазору 129 нафар расид .
Шумори афроди фавтшуда бар асари Ковид -19 низ то соати 19 рӯзи сешанбе 15 сентябр бо як мавриди афзоиш ба 73 нафар расидааст .
Аз 9 ҳазору 129 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун ҳафт ҳазору 896 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 110 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 43 бемор низ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои худ таҳти муроқибати табибон дармон мешаванд .