Сандуқи Байналмилалии Пул: бонкҳои содирот ва сармоягузории кишоварзӣ варшикаста эълом шаванд
(last modified Tue, 15 Sep 2020 16:09:41 GMT )
Сентябр 15, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи Байналмилалии Пул: бонкҳои содирот ва сармоягузории кишоварзӣ варшикаста эълом шаванд

Сандуқи Байналмилалии Пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзои иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс , коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул  пас аз музокироти видео-конфронсӣ бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон , ба онон пешниҳод кардаанд, ки банкҳои содироту сармоягузории кишоварзиро варшикаст эълом кунанд ва ба фикри лағви муҷаввизи фаъолияти ин ду ниҳоди молӣ ва низ ислоҳот дар низоми банкии ин ҷумҳурӣ бошанд.
Дар ин гузориш таъкид шуда аст, ки густариши вируси корона дар Тоҷикистони муҷиби коҳиши шадиди интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷир ва уфти тиҷорати хориҷии кишвар гардида ва буҳрони камбуди арзҳои хориҷӣ аз ҷумла  паёмадҳои иқтисодии ин беморӣ аст .
Аммо мақомоти банки миллии Тоҷикистон дар солҳои ахир бо лағви муҷаввизи банкҳои содироту сармоягузории кишоварзӣ мухолифат карда гуфтаанд, ки ин иқдом  авзоъро бадтар хоҳад кард .
Дар пайи бурузи буҳрон дар низоми банкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии банкҳо дар бозпардохти талаби муштарён , ду банки санъат ва Фононбанк лағви муҷаввиз шуда ва ду банки содироту сармоягузории кишоварзӣ низ бо мушкили мушобеҳе рӯ ба  рӯ шудаанд .