Сентябр 16, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Амният ва суботи минтақа-меҳвари нишасти дабирони шӯрои амнияти Шанхай

Дабирони шӯрои амнияти Созмони ҳамкории Шанхай дар нишасти видеоӣ мавзӯъи таъмини амният ва субот дар минтақаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Насруллоҳ Маҳмудзода-дабири шӯрои амнияти Тоҷикистон зимни суханоне дар ин нишаст ба барнома ва ҷойгоҳи Душанбе дар таъмини амният ва суботи минтақаӣ ва таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанхай ишора кард.

 Дар ин нишаст таъмини амният ва субот дар минтақа, иқдомот барои тақвияти ҳамкории байни кишварҳои узви созмони Шанхай дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва ҳамчунин ҷиноятҳои мутташаккилонаи фаромиллӣ мавриди басҳу баррасӣ қарор гирифт.

 Ширкаткунандагони ин нишаст зимни табодули назар дар мавриди вазъияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар давраи коронавирус бар зарурати табодули таҷриба ва фаъолияти муштарак барои пешгирӣ аз мавҷи дувуми ин вирус таъкид карданд.

 Баргузории ҷаласаи баъдии шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз дигар мавзӯъоте буд, ки дар ин нишаст мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 Дар ин нишаст таъкид шуд, ки давлати Тоҷикистон ба тақвияти бештари ҳамгароӣ бо кишварҳои Шанхай ва дигар иттиҳодия ва созмонҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ алоқаманд буда, дар ин масир дар чорчуби сиёсати дарҳои боз пайваста иқдомҳои лозимро анҷом медиҳад.