Нигаронӣ аз афзоиши мубталоён ба корона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57534-Нигаронӣ_аз_афзоиши_мубталоён_ба_корона_дар_Тоҷикистон
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон аз афзоиши мубталоён ба Ковид-19 ва илтиҳоби рия дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 16, 2020 15:03 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз афзоиши мубталоён ба корона дар Тоҷикистон

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон аз афзоиши мубталоён ба Ковид-19 ва илтиҳоби рия дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаиТоп Ти Ҷи, Бахтигул Қориева гуфтааст, ки дар ду-се ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон теъдоди озмоишҳои таъйидшудаи афроди мубтало ба Ковид-19 ва илтиҳоби шуш рӯ ба афзоиш аст.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон афзуд: агар дар ин кишвар дар оғози мушоҳидаи нахустин мавриди ибтило ба бемории корона танҳо як озмоишгоҳи тахассусӣ фаолият мекард, акнун теъдоди ин марокиз ба ҳашт воҳид расида,ки чаҳор озмоишгоҳ дар шаҳри Душанбе ва бақия дар манотиқи ин кишвар фаол аст.

Бахтигул Қориева ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар моҳи май марҳилаи авҷи ибтило ба вируси коронаро пушти сар гузошт ва акнун шумори афроди мубтало ба ин беморӣ дар ин кишвар дар ҳар шабонарӯз байни 30 то 40 нафар аст.

Вай дар айни ҳол дар бораи эҳтимоли густариши мавҷи дуввуми ин беморӣ дар Тоҷикистон бо оғози фасли тирамоҳ ибрози нигаронӣ кардааст. 

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон бо ишора ба камбуди китҳои ташхиси Ковид-19 дар ин кишвар гуфт: бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт талош мешавад,ки аз ибтилои қишрҳои осебпазири ҷомеа ва донишомӯзони мадорис ба вируси корона ҷилавгирӣ шавад.

Қориева ба мақомоти Тоҷикистон тавсия кардааст,ки дар рӯзи 11 октябр ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муқаррароти беҳдоштӣ ва фосилагузории иҷтимоӣ дар маҳалҳои райгирӣ риоят кунанд.