Нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз 30 сол
(last modified Thu, 17 Sep 2020 04:54:29 GMT )
Сентябр 17, 2020 09:54 Asia/Dushanbe
  • Нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз 30 сол

Гурӯҳе аз намояндагони Маҷлиси миллии Узбакистон рӯзҳои наздик барои баргузории нишасти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики хеш ба шаҳри Душанбе меоянд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , ин нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар сӣ соли ахир аст.

 Ҳайати парлумонии Узбакистон ба сарпарастии Улуғбек Иноятов-масъули кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва варзиши парлумони ин кишвар дар дидор бо гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Узбакистон ба сарпарастии Дилрабо Мансурӣ-муовини маҷлиси қонунгузории ин кишвар, тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ин ду ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

 Ҳамчунин дидори ҳайати парлумонии Узбакистон бо масъулони маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.

 Бар асоси ин барнома намояндагони Маҷлиси миллии Узбакистон аз маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ва марказҳои саноъатии Тоҷикистон низ дидан мекунанд.