Сентябр 18, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду миллиарддолларии қарзи корхонаҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши ду миллиарддолларии қарзи корхонаҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Ожонси давлатии омори вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли пеш ин мизон қарзи корхонаҳои Тоҷикистон, афзоиши 20 миллиард сомониро нишон медиҳад.

 Дар ин миён ширкати давлатии Барқи Тоҷик, корхонаи алюминий, ширкати давлатии Роҳи оҳан, фурудгоҳи байналамиллалии Душанбе, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикэр аз ҷумлаи  қарздорони бузурги молӣ ҳастанд.

 Гуфта мешавад қарзи молии ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар ҳоли ҳозир ба 26 миллиард сомонӣ (муодили 2 миллиону 500 миллион доллар) расидааст, ки ин ширкатро ба бузургтарин қарздори молӣ дар Тоҷикистон табдил кардааст.

 Қарзи молии ин ширкат ба ду ниругоҳи обӣ-барқии Сангтуда 1 ва 2 беш аз панҷ миллиард сомонӣ эълом шудааст.