Радди дархости озодии қабл аз муҳалти Далер Шарифов
(last modified 2020-09-19T05:43:52+00:00 )
Сентябр 19, 2020 10:43 Asia/Dushanbe
  • Радди дархости озодии қабл аз муҳалти Далер Шарифов

Мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ба дархости Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонӣ барои озодии қабл аз муҳлат ба иллати беморӣ посухи рад додаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Далер Шарифов, ки ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи Ихвонулмуслимин, барангехтани душмании миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ ба як сол зиндон маҳкум шудааст, дар зиндони ноҳияи Ёвон давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунад.

Абдулманнон Шарифов, падар ин хабарнигор гуфтааст, ки мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо дархости озодии қабл аз муҳлати писараш ба далели беморӣ, мухолифат кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрел Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохта шудаи ин кишварро ба як сол зиндон маҳкум кард.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон муддаианд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо мӯҳтавои ифротгариро мунташир кардааст.

Бар асоси ин баёния, дар соли 2019 Далер Шарифов ба таври ғайри қонунӣ ва махфиёна рисолае бо унвони "Муҳаммад (с)" ба таъдоди 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин тадвин кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки вай дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртиботи терроризм бо дини Исломро рад кунад.

Созмонҳои ҷаҳонии дидабони ҳуқуқи башар ва Гузоришгарони бидуни марз бо беасос хондани иттиҳомоти Далер Шарифов аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунад.

 

Барчасп