Сентябр 19, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати тоҷирони узбек ба Тоҷикистон

Ҳайате муташаккил аз намояндагони касбу кор ва фаъолони иқтисодии давлати Узбекистон ба зуддӣ ба Душанбе сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳайати 172 нафарии бозаргонони узбек ба ҳамроҳи намояндагони Блоки иқтисодии давлати Узбекистон дар сафари дурӯза ба Душанбе, сафар ва бо фаъолони иқтисодии тоҷик дар мавриди иҷрои тарҳҳои муштараки ҷадид баҳсу гуфтугӯ мекунад.

Дидор аз корхонаҳои санъатии бузурги Тоҷикистон аз дигар барномаҳои ин гурӯҳ хоҳад буд.

Пешбини мешавад дар ин сафар тавофуқномаҳои марбут ба арзаи коло ва хадамот ба имзо расад.

Душанбе ва Тошканд қасд доранд ба афзоиши гардиши молӣ байни ду кишвар, ки дар давраи шуюи вируси ҳамагири куруно ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст, ангезаи ҷадиде бибахшанд.

 

Барчасп