Сентябр 20, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
  • Мавонеи идорӣ, фасоди молӣ ва низоми молиётии ғайришаффоф, мушкили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Амрико вуҷуди мавонеи идорӣ, фасоди молӣ ва ришвахорӣ, таҳқиқ ва тафҳаси зиёд ва низоми молиётии ғайришаффофро аз мушкилоти сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи , вазорати хориҷаи Амрико  дар гузориши тозаи худ таҳти унвони шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон  дар соли 2020 ин кишварро барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ номуносиб муаррифӣ кардааст .

Монеаҳои гирифтани иҷозатнома барои фаъолият, коррупсия ва ришва, андозбандии шадид, надоштани истиқлолияти суд ва назорат аз ҷониби департаменти давлатӣ аз мушкилоти сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Ҳарчанд, ки раисҷумҳури  ин кишвар талош мекунад, ки бо фароҳам кардани шароити мусоид барои сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба манзури таъмини рушди ин ҷумҳурӣ мусоидат кунад , мавонеъи мухталифи идорӣ ҳануз ҳам мӯҷиби худдории сармоягузорони хориҷӣ аз вуруд ба Тоҷикистон мегардад . Ҳатто дар мавридҳои бурузи ихтилоф  миёни ширкатҳои хориҷӣ бо тарафҳои тоҷикистонии додгоҳҳои ин кишвар, ки дар зоҳир худро мустақил медонанд , ҳамвора ба нафъи идороти давлатӣ ҳукм содир мекунанд, ки баёнгари набуди истиқлоли амал дар низоми қазоии ин кишвар мебошад .

Барчасп