Шиносоии 43 бемори нави КОВИД 19 дар Тоҷикистон
Сентябр 21, 2020 07:05 Asia/Dushanbe
Шумори гирифторон ба КОВИД 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 45 бемори нав дар субҳи рӯзи 21 сентябр ба 9 346 нафар расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ то соъати 10 субҳи рӯзи душанбе 21 сентябр ҳамон 73 нафари пешин аст .
Аз 9 346 бемори КОВИД 19 дар Тоҷикистон то кунун 8 108 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахир 115 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба КОВИД 19 дар марказҳои дармонии Тоҷикистон бистарӣ ва 45 бемор аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Ҳудуди ҳазор нафар ҳам дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд .
Барчасп