Шиносоии 42 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
Шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 42 бемори ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 21 сентябр ба 9 ҳазору 388 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , шумори афроди фавтшуда бар асари ин беморӣ низ замони мухобираи хабари ҳамон 73 нафари пешин аст .
Аз 9 ҳазору 388 бемори Ковид - 19 дар Тоҷикистон токунун ҳашт ҳазору 152 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Дар шабонарӯзи ахири 102 нафар низ ба гумони гирифтор шудан ба Ковид - 19 дар марокизи дармонии Тоҷикистони бистарӣ ва 44 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Аз сӯӣ дигар эълом шудааст, ки дар 10 озмоишгоҳи вируси корона дар Тоҷикистон аз кормандони идороти давлатӣ , донишҷӯёну устодони донишгоҳҳо озмоиши корона гирифта мешавад . Гуфта мешавад, ки бо таҷҳизоти озмоишгоҳии сохти Чин дар муддати се соат ва Русия дар шаш соат посухи ин озмоишҳоро омода мекунад .